ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар сабқати байналмилаллӣ ғолибияти аввалини худро ба даст оварданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Тими ҷавонони тоҷик дар 29-умин мусобиқаи байналмилаллӣ, ки ба хотири президенти аввалини ФИФА Валентин Гранаткин дар Санкт Петербург гузаронида мешавад, дастаи Юнонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.
"Голи ягона аз тарафи Эҳсони Панҷшанбе ба нишон расонида шуд",-омадааст дар иттилоия.
Дар даври дуюм мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Булғористон, санаи 10-уми январ рақобат хоҳанд кард.
Дар мусобиқаи байналмилаллӣ 16 дастаи иборат аз ҷавонони соли таваллудашон 1999 ва худтар иштирок мекунанд.
Валентин Гранаткин-футболбози даврони Шӯравӣ, хоккейбоз ва варзишгар мебошад. Ӯ ягона футболбози ватанӣ буд, ки дарвозаи ИҶШС-ро ҳимоят мекард.