ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Муҳоҷироне, ки мусулмонанд, барои ҳамгироӣ бо ҷомеаи Аврупо кушиш надоранд, мегӯяд, президенти Чехия Милош Земан.
Ба қавли ӯ таҷрибаи бархе аз кишварҳои Аврупо нишон медиҳад, ки мусулмонон дар алоҳидагӣ масалан дар ноҳияҳои ҷудогона зистанро дӯст медоранд.
"Ба гирду атрофи Аврупо назар кунед, мушоҳида намоед, ки то чӣ андоза муҳоҷирон ба ҳамгироӣ кӯшиш мекунанд. Дар бораи "ноҳияҳои хатарнок" омӯзед. Ман зид нестам, агар шумо мисолҳои мусбат низ дарёбед",-менависад РИА Новости аз суханони Земан.
Ба қавли ӯ мисоли хуби ҳамгироиро шаҳрвандони Ветнам ва Украина дар Чехия нишон медиҳанд.
Президент қайд кард, ки дар Чехия шумораи мусулмонон наонқадар зиёд аст.
"Ман барои он меӯям, ки дар кишвари мо шумораи онҳо зиёд нашавад",-гуфт Земан ва илова намуд, ки ӯ аз бадбинии нажодӣ тарафдорӣ намекунад.
Имрӯз бӯҳрони муҳоҷиратӣ шурӯъ аз давраҳои Ҷанги Дуюми ҷаҳонӣ бузургтарин дар таърихи Аврупо аст. Дар умум дар давоми соли 2015 дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо наздики 2 миллион гурезагон аз мамолики Ховари Миёна, Авриқои Шимолӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ба наздикӣ дар якқатор кишварҳои Аврупо мавҷи тазоҳурот баланд шуд. Бархе аз онҳо бар зидди шумораи зиёди шаҳрвандони кишварҳои худ, бархоста бошанд, дигарон баръакс, ҳамшаҳриҳои худро дастгирӣ карда, таъмини заруроти онҳоро талаб мекарданд. Дар аксари ҳолатҳо мардум бо сабаби тафовутҳои фарҳангӣ, рафтори хашмгинона доранд.
Мувофиқи пурсишнома, аксари шаҳрвандони кишварҳои Аврупо бовар доранд, ки вақтҳои охир вазъият бо муҳоҷирон бад шудааст.
Ҳамин тавр, 79%-и шаҳрвандони Италия, 67% —фаронсавиҳо ва 53%-аҳолии Британия бовар доранд, ки вазъият бо сабаби зиёд шудани шумораи муҳоҷирон бад шудааст. Дар Олмон шумораи норозиҳо камтар буда, 45%-ро ташкил медиҳад. Дар Полша шумораи онҳо 35% ҳисобида шуд.