ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. ИМА ва Кореяи Ҷанубӣ мехоҳанд, дар сурати оғоз шудани ҷанг дар нимҷазираи Корея барои нобуд сохтани президенти Кореяи Шимолӣ Ким чен Ин бригадаи махсус ташкил диҳанд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба оҷонсии "Ренхап".
Шумораи низомиёни бригада аз ҳазор то ду ҳазор нафарро ташкил хоҳад дод. Бригада аллакай ҳамин сол ташкил карда мешавад.
Вазифаи асосии бригада нобуд сохтани президенти Кореяи Шимолӣ, ҳукумати кишвар ва тамоми роҳбарияти мақомотҳои низомии Кореяи Шимолӣ мебошад.
Қаблан хабар дода шуд, ки Сеул ва Вашингтон шумораи машқҳои муштараки низомиро дар соли 2017 зиёд мекунанд.