ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон Азизбек Ҷалолови 29-сола, ки дар таркиши истгоҳи метро ҷароҳат бардошт, дар яке аз дармонгоҳҳои Маскав вафот кард, хабар медиҳад Лайф.
"Дар натиҷаи таркиш аъзои бадани мард осеби ҷиддӣ бардошт. Вай дар беморхуна ду ҳафта бо ёрии таҷҳизоти тиббӣ бистарӣ карда шуд. Рӯзҳои охир вазъияти Ҷалолов бадтар шудан гирифт ва ӯ ҳатто ба худ наомада вафот кард",- гуфт манбаъ ба оҷонсӣ.
Ҳодисаи таркиш санаи 22-уми декабр соати 09:20 ба амал омад. Дар вақти корҳои таъмирӣ балони газ оташ гирифт ва дар натиҷа таркиш тақрибан дар ҳудуди 5 метр сӯхтор ба амал омад.
Сӯхтор хомӯш карда шуда бошад ҳам, дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш 7 нафар ҷароҳат бардоштанд. Мувофиқи маълумоти пешкӣ таркиш дар натиҷаи муносиблати беаҳамиятона бо баллон ба амал омадааст.