ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik.Оғози соли нав барои ронандагони тоҷик хароҷоти зиёдатӣ овард: нархи сиёҳ кардани тирезаҳои автомобилҳо қиммат гардид.
Ҳамин тавр аз 1-уми январи соли 2017 гирифтани иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаҳои автомобил то 25% қиммат шуд, ки ҳоло он аз 2,5 ҳазор сомонӣ зиёдтарро ташкил медиҳад, хабар медиҳад сомонаи ВКД Тоҷикистон.
Акнун ронандагони автомашинаҳои соли истеҳсолашон 2004 барои ба даст овардани иҷозатнома ба ҷойи 2 ҳазор сомонии пештара 2,5 ҳазор сомонӣ сарф мекунанд. Ронандагоне, ки соли барориши автомобилҳояшон аз соли 2005 он тараф мебошанд, аллакай барои сиёҳ кардани шишаҳои автомобил бояд 3,1 ҳазор сомонӣ супоранд.
Иҷозатномаи тонировкаи оинаҳои автомобил танҳо барои як сол дода мешавад. Пас як сол бояд иҷозатномаро нав кард.
Аз соли 2000-ум то 2010 дар Тоҷикистон сиёҳ кардани шишаҳои автомашинаҳо манъ карда шуда буд. Ин чорабинӣ барои мубориза бо ҷиноят ҷорӣ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи хеш дар назди парлумон гуфт, ки нархи андози ворид кардани автомобилҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон 50% арзон мешавад.
Ғайр аз ин дар моҳи ноябри соли 2016 нархи гази моеъ низ арзон шуд, ки он аз 3,4 сомонӣ ба 2,8 сомонӣ фаромад.
Дар Тоҷикистон қариб 60% истифодабарандагони автомашинаҳо аз гази моеъ истифода мебаранд. Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савадои Тоҷикисто ҳамасола шумораи истифодабарнадагони гази моеъ зиёд мешавад ва баробари он воридоти ин намудани сӯзишворӣ низ бештар мегардад.