ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Дар пайи чаппа шудани автамашинаи тамғаи "Дулан" ронандаи 43 сола ҷароҳатҳои вазнини ҷимонӣ бардошта ба ҳалокат расид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати корҳои дохилии ҶТ.
Санаи якуми январисоли 2017 тахминан соати 18:00 ронандаи автомашинаи тамғаи "Дулан", марди 43-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Хоруғ-Дарвоз-Душанбе", аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба чуқурии 35 метр чаппа шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ ҳодиса дар мавзеи Очуқи деҳаи Зиғари ноҳияи Дарвоз ба вуқӯъ пайвастааст. Баъди чаппа шудан дар дохили моин сухтор ба амал омад.
"Дар натиҷа ронандаи автомашинаи мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид",-омадааст, дар иттилоия.
Ин ҳодисаи аввалин набуда, қаблан низ дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ чандин садамаҳои нақлиётӣ ҷони чандин нафарро рабуд.