ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Ҳарбиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон аз рӯи экстрим ва омода намудани оши палав сабқат карданд.
Дар озмун наздики 80 нафар иштирок кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Округи ҳарбӣ-марказии Русия.
"Дар озмун 12 гурӯҳи иборат аз шаш нафарӣ иштирок карда, дар бахшҳои шишту хез бо халтаи аз қум пуркардашуда, бардоштани диски мошин ва кашонидани автомашанаи тамғаи "Урал" ба масофаи 100 метр, байни ҳам рақобат карданд",-омадааст дар хабарнома.
Дар баробари сабқати вазнӣ, ошпазони ҳар қисми пойгоҳ байни ҳам аз рӯи омода намудани оши палав байни ҳам рақобат карданд. Ҳар як ошпаз кӯшиш мекард, тарзи нави омода нумадани оши палавро пешкаши доварон гардонад. Манбаъ менависад, ки дар умум 300 кг шоҳи ғизоҳо омода карда шуд.
Пойгоҳи низомии 201- таркиби бузургтарин қувваҳои мусаллаҳи Русия берун аз марзи он шинохта мешавад. Мувофиқи созишномаи соли 2012 аз ҷониби ду президент (ҶТ ва ФР) ба имзо расида, ин пойгоҳ то соли 2042 дар ҳудуди Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард.
То соли 2015 қисмҳои алоҳидаи пойгоҳи низомии 201 дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғантеппа ва Кӯлоб ҷойгир шуда буданд. Аввалҳои моҳи декабр полки 149-ум аз шаҳри Кӯлоб ба мавзеъи Лоҳури Душанбе кӯчонида шуд.