ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Санаи 27-29 декабри соли 2016 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Хитой оид ба сарҳади давлатӣ баргузор гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазоарти хориҷии ҶТ.
Вохӯрӣ таҳти раёсати роҳбари қисми тоҷикистонии Комиссияи муштарак, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдод ва намояндаи вазорати корҳои хориҷии Чин оид ба масъалаҳои сарҳад ва корҳои баҳрӣ Чжоу Сзян доир гардид.
"Дар рафти ҷаласаи Комиссияи муштарак қарордод оид ба сарҳади давлатӣ ба имзо расид",-омадааст дар хабарнома.
Манбаъ мегӯяд, ки ҷонибҳо масъалаҳои дахлдори татбиқи созишнома байни ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати Чин оид ба низоми сарҳади давлатии Тоҷикистону Чинро аз 5 июни соли 2012 баррасӣ карданд.