ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Президенти Руси Владимир Путин раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо Соли нави мелодӣ шодбош гуфт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти Русия.
Дар номаи шодбошии президенти Русия аз ҷумла омадааст, ки дар соли 2016 қавӣ будани муносибатҳои Тоҷикистону Русия бори дигар тасдиқ шуд.
Владимир Путин изҳори боварӣ кард, ки дар оянда ҳамкориҳои дӯстонаи байни Тоҷикистону Русия дар тамоми соҳаҳо ва дар самти таҳкими амният дар Осиёи Марказӣ рушд хоҳанд кард.
Ҳамчунин президенти Руси дигар роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказиро бо Соли нави мелодӣ муборакбод гуфт.