ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷавони 19-сола бо итиҳоми фурӯши ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати корҳои дохилии ҶТ.
Манбаъ мегӯяд, ки санаи 21-уми декабри соли равон тахминан соати 16:30 зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд.
Гуфта мешавад, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 1000-дона маводи тарфгарии намуди "Трения", дарёфт ва мусодира карда шуд.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ давом дорад.