ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik.Президенти Русия Владимир Путин қонуни федералиро вабаста ба муҳоҷирон ба имзо расонид. Қонуни мазкур масъалаи хориҷкунии муҳоҷиронеро, ки дар ҳудудҳои Маскав, Санк- Петербург, вилоятҳои назди Маскав ва вилояти Ленинград қонунгузории муҳоҷиратиро вайрон намудаанд, дида мебарояд.
Вакилони Думаи давлатии санаи 21-уми декабр қонуни сабукгардонии ҷазо нисбати шаҳрвандони хориҷиро, ки қонуни муҳоҷиратиро вайрон намудаанд, қабул карданд. Нисбати ин гуна муҳоҷирон суд метавонад то 7 ҳазор рубл ҷарима бандад ва аз Русия хориҷ накунад.
Бо баробари ин дар кодекс илова меравад, ки агар муҳоҷирони ин митақаъ бори дуввум қонуни муҳоҷиратиро вайрон кунанд, ҳатман аз кишвар хориҷ карда мешаванд.
Пештар ВКД Русия изҳор дошта буд, ки барои ба кишварашон баргардонидани муҳоҷирони хориҷшуда вазорат маблағ надорад.