ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар базми солинавии ҷумҳуриявӣ иштирок карда, ҳамроҳи набераҳояш суруд хонд, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон.
Замоне, ки набераҳояш суруд мехонданд президент дар нақши диҷей буд.
Набераҳои президент ҳамчунин дар озмуни солинавӣ иштирок карданд.
"Дар баробари ин онҳо бо забони англисӣ суруд хонданд. Роҳбари давлат ҳамроҳи набераҳо суруд хонда, рӯҳияи идонаи кӯдакон ва лаҳзаҳои эҷодии онҳоро бо хотири болида мушоҳида мекард",-омадааст дар хабарнома.
Бердимуҳаммадов ба кӯдакон Соли нави мелодиро табрик гуфта, барояшон истироҳати бофароғати зимистона, амалишавии орзуҳоро таманно кард ва изҳори боварӣ намуд, ки ҳамаи онҳо чун намояндагони беҳтарини фарҳанги миллии худ ба воя мерасанд.