Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамсараш таҷҳизоти замонавии “Сафед-Дара”-ро санҷид

© Официальный сайт президента ТаджикистанаПрезиденти Тоҷикистон ҳамроҳи ҳамсараш дар "Сафед-Дара"
Президенти Тоҷикистон ҳамроҳи ҳамсараш дар Сафед-Дара - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зимни ифтитоҳи маҷмааи варзишӣ сайёҳии “Сафед-Дара” президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамсараш дар "снегоход" савор шуд

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Зимни сафари корӣ ба базаи варзишӣ сайёҳии "Сафед-Дара" президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсан кори таҷҳизоти замонавии маҷмааи сайёҳиро санҷид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президент.

Санаи 28-уми декабр президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз маҷмааи кӯҳию лижаронии "Сафед-Дара" боздид ба амал оварда, дар расми ифтитоҳи биною иншооти нави ин маҷмааи варзишию сайёҳӣ иштирок намуд.

© Flickr \ официальная страница пресс-службы президента РТЭмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи маҷмааи варзишию сайёҳии "Сафед-Дара"
Эмомали Рахмон на открытии современной канатной дороги протяженностью 2 км - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи маҷмааи варзишию сайёҳии "Сафед-Дара"

Раисҷумҳури Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва тараққиёти соҳаи сайёҳиро яке аз самтҳои муҳими пешрафти иқтисодиву иҷтимоии давлат гуфт.

"Тибқи хулосаи мутахассисон дар сурати таъмин намудани рушди соҳаи сайёҳӣ имконият фароҳам меояд, ки саҳми соҳа то соли 2020 дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар то 5 фоиз ва саҳми ғайримустақими он барои рушди соҳаҳои дигари иқтисодиёт то 15 фоизро ташкил намояд",-гуфт президенти ҶТ зимни суханронӣ.

Сафеддара, ягона машқгоҳи варзишии зимистонаи кишвар буда, ҳар сол ба он қариб се ҳазор нафар сайёҳону варзишгарони дохиливу хориҷӣ ташриф меоранд. Иқлими мусоиду мавқеи ҷуғрофии маҷмааи мазкур имкон медиҳад, ки варзиши лижаронӣ то охири моҳи май идома ёбад.

© Официальный сайт президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон зимни лижаронӣ
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на горнолыжном курорте Сафед-Дара - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон зимни лижаронӣ

Зимни суханронӣ президенти ҶТ иҳзори боварӣ кард, ки базаи варзишию сайёҳӣ ба ҷои дӯстдоштани варзишгарони ҷумҳурӣ ва сайёҳони хориҷӣ табдил хоҳад шуд.

"Бовар дорам, ки дар ояндаи наздик мавзеи Сафеддара ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилаливу минтақавӣ ва ҷойи дӯстдоштаи сокинони мамлакат ва сайёҳону меҳмонони хориҷӣ табдил меёбад",-гуфт Эмомалӣ Рамҳон.

© Официальный сайт президента Дар маҷмааи варзишию сайёҳии "Сафед-Дара"
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон с супругой на горнолыжном курорте Сафед-Дара - Sputnik Тоҷикистон
Дар маҷмааи варзишию сайёҳии "Сафед-Дара"

Дар "Сафед-Дара"дар масофаи 2027 метр "Роҳи арғамчинии босуръати кабинавӣ" сохта ба истифода дода шудааст, ки 32 адад таҷҳизоти ҳаракаткунанда (кабина) дорад ва дар ҳар кадоме аз ин таҷҳизот то 8 нафар метавонад ҷойгир шаванд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти ҶТ дар маҷмӯъ иншооти хизматрасонӣ ва толору майдонҳои варзишӣ дар масоҳати 60 гектар ҷойгир буда, шароити қабули то 1000 нафарро дар як вақт доро мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0