ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Ҷаласаи байниҳукуматӣ, миёни Узбакистону Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо ба имзо шудани чанд шартнома анҷом ёфт.
Аз ҷумла намояндагони воломақоми ду кишвар протокол дар бораи барқарор крдани алоқаи ҳавоиро ба имзо расониданд, хабар дод ба РИА Новости сафири Узбакистон дар Тоҷикистон Шоҳқосим Шоисломов.
"Аз ҷумла созишнома оиди барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ байни пойтахтҳои Тоҷикистону Узбакистон дар аввали нимсолаи 2017 ба имзо расида, оиди харидории алюминийи тоҷик аз ҷониби Узбакистон ба мувофиқа расиданд ",-изҳор дошт ӯ.
Дар баробари ин дар рафти вохӯрӣ созишнома оиди паст кардани тарифҳои ҳамлу нақл ва доду гирифти дуҷониба миёни Тоҷикистону Узбакистон ба имзо расид.
Вохӯрии ояндаи байниҳукуматӣ моҳи июни соли 2017 дар назар аст.