ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон имрӯз маҷмааи сайёҳию варзишии "Сафед-Дара"-ро ифтитоҳ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президент.
Раисҷумҳури Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва тараққиёти соҳаи сайёҳиро яке аз самтҳои муҳимми пешрафти иқтисодиву иҷтимоии давлат гуфт.
"Тибқи хулосаи мутахассисон дар сурати таъмин намудани рушди соҳаи сайёҳӣ имконият фароҳам меояд, ки саҳми соҳа то соли 2020 дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар то 5 фоиз ва саҳми ғайримустақими он барои рушди соҳаҳои дигари иқтисодиёт то 15 фоизро ташкил намояд",-гуфт президенти ҶТ зимни суханронӣ.
Сафеддара, ягона машқгоҳи варзишии зимистонаи кишвар буда, ҳар сол ба он қариб се ҳазор нафар сайёҳону варзишгарони дохиливу хориҷӣ ташриф меоранд. Бояд гуфт, ки иқлими мусоиду мавқеи ҷуғрофии маҷмааи мазкур имкон медиҳад, ки варзиши лижаронӣ то охири моҳи май идома ёбад.
Майдони бозиҳои рӯйи ях дар таърихи навини варзиши Тоҷикистон таҷрибаи нахустин буда, имконият фароҳам меоварад, ки дар оянда ин намуди бозиҳои зимистона дар мамлакат ба варзиши оммавӣ табдил дода шавад.
Дар маҷмӯъ иншооти хизматрасонӣ ва толору майдонҳои варзишӣ дар масоҳати 60 гектар ҷойгир буда, шароити қабули то 1000 нафарро дар як вақт доро мебошанд.
Президент гуфт, ки ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи соҳаи сайёҳӣ ҳукумати мамлакат мақоми ваколатдори соҳаро таъсис медиҳад. Ҳамчунин барои рушди ин соҳа ширкатҳои сайёҳӣ аз супоридани андоз аз фоида дар муддати панҷ соли аввал озод карда шуда, воридшавии масолеҳи сохтмонӣ бе андоз ба роҳ монда мешавад.
"Бовар дорам, ки дар ояндаи наздик мавзеи Сафеддара ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилаливу минтақавӣ ва ҷойи дӯстдоштаи сокинони мамлакат ва сайёҳону меҳмонони хориҷӣ табдил меёбад",-гуфт Эмомалӣ Рамҳон.
Дар охир раисҷумҳури Тоҷикистон ба масъулини соҳа ва варзишгарон комёбӣ таманно намуда, онҳоро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик кард.