ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Президенти Қирғиизистон Алмосбек Атамбоев дар рафти сафари хеш ба Ӯзбекистон ба ҳамтои ӯзбеки худ Шавкат Мирзиёев изҳори миннатдорӣ баён намуд, ки вай якчанд сол пеш ба вай барои ёфтани бародараш кӯмак расонида буд. Бародари вай якчанд сол пеш дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекард, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбакистон бо истинод ба телевизиони ON1.
"Бародари ман пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба Ӯзбакистон омада буд ва дар яке аз шаҳракҳои кишвар ба ҳайъати муаллими оддӣ кор мекард. Ман вайро 14 сол надида будам",- гуфт Атамбоев дар вохӯрӣ дар Самарқанд санаи 24-уми декабр.
"Ман дар ёд дорам, маҳз шумо вайро ба меҳмонхонаи Тошканд оварда будед. Вақте ки ман бародари раҳматиамро ба ёд меоварам, ба ёд меоварам, ки баъд аз ҷудоӣ кӣ баназдам вайро оварда буд ва кӣ ба вай кӯмак расонида буд, зеро вай шаҳрванди Ӯзбакистон ба ҳисоб мерафт ",- гуфт Атамбоев.
Президенти Қирғизистон щамчунин гуфт, ки соли 2007 ҳар ду ҳам вазифаи сарвазириро адо мекарданд. "Ман гуфта будам, ки бояд байни мо дӯстии ҳақиқии бародарона бошад ва байни кишварҳои мо низ дӯстии ҳақиқӣ пойдор монад",- қайд кард вай.
Президенти Қирғизистон Алмосбек Атамбоев бо даъвати Шавкат Мирзиёев бо сафари корӣ ба Ӯзбакистон омад.