"Вақте сухан дар бораи роҳати мусофирон меравад, дар бораи пул фикр кардан лозим нест",-изҳор дошт роҳбари "Avia Invest" Петр Жардан.
Ба қавли ӯ нишондиҳандаҳои техникии таҷҳизоти муосир касро дар ҳайрат мегузорад.
"Девори бузургтарини видеоии мо бо 23 метри квадратӣ, ки бараш ҳашту ним метр буда, баландии он зиёда аз се метр мебошад",-менависад Sputnik Молдова аз суханони Жардан.
Дар рӯи экран барои мусофирон маълумоти лозима ҷой дода шудааст.