Ба ҷавонони ВМКБ фаъолияти соҳибкориро омӯзониданд

© Sputnik / Ратушенко / Гузариш ба медиабонкшаҳри Хоруғ- маркази ВМБК, акс аз бойгонӣ
шаҳри Хоруғ- маркази  ВМБК, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
25 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ семенар – машварат дар мавзӯи “Омӯзиши паҳлӯҳои соҳибкорӣ ва тарзи нақшаи соҳибкорӣ” баргузор гардид, хабар медиҳад сомонаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik.Семенар-машварати мазкур бо мақсади ҷалби ҷавонон ба соҳибкорӣ, омӯзиши паҳлуҳо ва мушкилоту дастовардҳои фаъолияти соҳибкорӣ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 40 ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Шуғнон ва Роштқаъла иштирок намуданд, омадааст дар хабар.

Донишҷӯёни Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сулҳ дар сарҳад: ҷавонони тоҷик ва қирғиз масъалаҳои сарҳадиро ҳал мекунанд

Дар корӣ семинар ба иштирокчиён тартиби таҳия намудани нақшаи соҳибкорӣ, кор бо шарикон ва маркетинг омӯзонида шуд, менависад сомона.

Дар семинар ба иштирокчиён дастигириҳои давлату ҳукумати кишвар нисбат ба фаъолияти соҳибкорӣ баён гардид.

Тибқи иттлои манбаъ иштирокчиён аз баргузории чунин семинар —машваратҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, таклифу пешниҳодҳои худро ҷиҳати рушду равнақ додани фаъолияти соҳибкорӣ дар байни ҷавонон баён намуданд.

Лентаи хабарҳо
0