ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik.Автомашинаи Ravon R2 истеҳсоли GM Uzbekistan моҳи гузашта дар байни автомашинаҳои дараҷаи А(машинаҳои хурд, ки то 3,6 метр дарозӣ доранд- идора) аз ҳама мошини серхаридортарин дониста шуд, хабар медиҳад, Sputnik Ӯзбакистон.
Ҳамагӣ моҳи гузашта 130 автомобили Ravon R2 ба фурӯш рафт.
Мақоми дуввумро автомобили навъи Kia Picanto бо фурӯши 91 автомобил мегирад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,2% камтар ба фурӯш растааст. Дар ҷойи саввум Daewoo Matiz меистад.
Мувофиқи натиҷаҳои соли гузашта дар Русия 474 автомобили дараҷаи А фӯрухта шуд, ки он нисбати соли гузашта 119,4% зиёд мебошад.
Дар баробари ин дар 11 моҳ дар Русия 3, 451 ҳазор автомобили дараҷаи А фурӯхта шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,23% камтар аст.