ДУШАНБЕ, 26 дек — SputnikПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар ҳамбастагӣ бо суқути ҳавопаймои ҳарбӣ-нақлиётӣ барқияи тасаллият ирсол намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти кишвар.
Дар мактуб раисҷумҳури Тоҷикистон ба Владимир Путин тасаллияти амиқ расонида, ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон низ ҳамдардӣ баён кардаст, омадааст дар хабар.
"Хабари фоҷиабори суқути ҳавопаймои ҳарбӣ-нақлиётиро дар акваторияи Баҳри Сиёҳ, ки дар он хизматчиёни ҳарбии Русия, намояндагони гурӯҳҳои эҷодӣ ва воситаҳои ахбори омма қарор доштанд, бо андӯҳи гарон дарёфтам",-овардааст сомона аз суханони президент.
Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез мо дар Тоҷикистон дарди ин талафоти вазнинро якҷо бо Шумо қисмат мекунем, изҳор доштааст дар барқияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар кард.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.