Тоҷикистон парвози “Уральские авиалинии”-ро манъ кард

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкҲавопаймои ширкати "Уральские авиалинии". Акс аз бойгонӣ
Ҳавопаймои ширкати Уральские авиалинии. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон парвози ширкати "Уральские авиалинии"-ро чун амали ҷавобӣ ба манъи парвози “Сомон Эйр”, аз чор шаҳри Русия қатъ кард

ДУШАНБЕ, 23 декабря — Sputnik. Тоҷикистон алоқаи ҳавоиро барои ширкати ҳавоии  "Уральские авиалинии"  аз чор шаҳри Русия баст, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба раиси департаменти авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов.

Сухан дар бораи парвози ҳавопаймоҳои ширкати "Уральские авиалинии" аз шаҳрҳои Красноярск, Уфа, Челябинск ва Краснодар меравад.

Раҳмонов қайд кард, ки қарор дар бораи манъи парвоз аз рӯзи ҷумъа соати 12.00 ба вақти маҳаллӣ роҳандозӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар пайи гуфтушунид, ки миёни намояндагони вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистону Русия дирӯз дар Маскав ба амал омад, ҷонибҳо ба мувофиқа нарасиданд. Ҳамин тавр ҷониби Русия паврози ширкати "Сомон Эйр"-ро ба якқатор шаҳрҳои Русия манъ карда, Тоҷикистон дар навбати худ чун амали ҷавобӣ, парвози ширкати "Уральские авиалинии"-ро аз чор шаҳри Русия баст.

Лентаи хабарҳо
0