Пан Ги Мун низ Эмомалӣ Раҳмонро табрик кард

Обуна шудан
Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ ирсол намуд

ДУШАНБЕ, 23 декабря — Sputnik. Имрӯз Дабири кулли СММ Пан Ги Мун Эмомалӣ Раҳмонро бо қабули пешниҳодаш оиди даҳсолаи амалиёти об табрик гуфт, хабар медиҳад хадамоти матуботи президенти ҶТ.

Паёми солонаи президенти Тоҷикистон ба парлумони ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон: низоми бонкӣ ба талабот ҷавобгӯ нест

Дар номаи табрикотӣ аз ҷумла омадааст: "Бо камоли эҳтиром шарафёбам Шуморо ба муносибати ба иттифоқи оро қабул шудани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид  "Даҳсолаи байналмилалии амал  "Об барои рушди устувор, 2018-2028", ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, самимона табрик намоям".

"Бовар дорам, ки даҳсолаи нав дар роҳи таҳким ва мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об саҳми арзишманд хоҳад гузошт. Даҳсолаи мазкур инчунин дар таҳким ва вусъатбахшии дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои ҳает, 2005-2015" мусоидат менамояд",-омадааст дар барқияи шодбошӣ.

Қаблан раиси Маҷмаи умумии СММ Питер Томсон ба президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон номаи табрикотӣ равон кард.

Лентаи хабарҳо
0