ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik.Гумонбаршавандаи амали террористӣ дар маркази шаҳри Берлин аз ҷониби кормандони полис дар натиҷаи як амалиёти махсус дар Милан безарар гардонида шуд, хабар медиҳад РИА Новости.
Қайд карда мешавад, ки дар шаҳри Милани Итолиё байни кормандони полис ва ҷинояткор оташфишонӣ ба амал омад.
Ҳафтаи гузашта ҷинояткор, ки шаҳрванди Покистон ба ҳисоб меравад, ба сари чанбараки мошин нишаста, дар яке аз бозорҳои Берлин шаҳрвандони зиёдро пахш намуд. Баъдтар маълум гардид, ки мард барои ба Олмон иқомат намудан мувваққатан иҷозатнома гирифта будааст. Дар натиҷаи ҷиноят 12 нафар ба ҳалокат расиданд.
Ҳоло ҷиногяткор дастгир карда шудааст, аммо гуноҳи худро ба дӯш нагирифтааст.
Баъд аз ин ҳодисаи фоҷиавӣ ҳукумати Олмон қарор қабул намуд, ки тамоми кормандони полиси кишвар дар арафаи Соли нав бо автомат мусаллаҳонида мешаванд.