Об барои рушди устувор: Питер Томсон пешниҳоди Тоҷикистонро қабул кард

© Sputnik / Yuryi AbramochkinСессияи СММ. Акс аз бойгонӣ
Сессияи СММ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷмаи Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 21-уми декабри соли равон пешниҳоди Тоҷикистонро оиди эълон доштани солҳои 2018-2028 чун “Об барои рушди устувор” қабул кард

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Питер Томсон раиси Маҷмаи умумии СММ ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи табрикотӣ ирсол намуд, хабар медиҳад хадамоти матуботи президенти ҶТ.

Дар номаи шодбошӣ аз ҷумла омадааст: "Бо камоли ифтихор мехостам Шумо ва мардуми Шуморо бо қабули муваффақонаи қатъномаи "Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028", ки рӯзи 21 декабри соли 2016 дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифт, табрик намоям".

Паёми солонаи президенти Тоҷикистон ба парлумони ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон: низоми бонкӣ ба талабот ҷавобгӯ нест

"Боварии комил дорам, Даҳсолаи нав, ки ба масъалаҳои рушди устувор ва истифодаи ҳамгироёнаи захираҳои обӣ, аз ҷумла пешбарии ҳамкориҳо ва шарокат дар ҳама самтҳо таваҷҷуҳ дорад, метавонад ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои байналмилалии тасдиқшудаи марбут ба об, бахусус он ҳадафҳое, ки дар рӯзномаи рушди устувори 2030 инъикос шудаанд, мусоидат намояд",-омадааст дар иттилоия.

Ҳамчунин имрӯз президенти ҶТ Эмомлаӣ Раҳмон зимни ироаи паёми президент ба парлумон мардуми тоҷикро бо қабули ташаббуси даҳсолаи амалиёти об табрик гуфт.

Лентаи хабарҳо
0