Ҳамроқулова: Русия бояд нисбати Тоҷикистон “нармтар” шавад

Обуна шудан
Масъалаи иҷозати парвози ширкати “Ямал” муносибатҳои Тоҷикистону Русияро тезу тунд кард. Ҷонибҳо омода буданд, алоқаи ҳавоиро барои якдигар банданд

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Хуршеда Ҳамроқулова аъзои президиум ва роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба ташкили Шӯрои байналмилллалии назди ҳукумати Маскав мегӯяд, ки Русия метавонад бо фаҳмиши масъала нисбати Тоҷикистон муносибат кунад.

Ба қавли ӯ ҳукумати ҳар ду кишвар бояд дар аввал вазифаҳои худро маълум карда баъд ба пеш қадам гузоранд.

Дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон коршинос  нақл кард, ки чаро аксари тоҷикон даврони Шӯравиро ёд мекунанд. Онҳо намехоҳанд, ки онҳоро муҳоҷир гӯянд.

"Русия нисбати муҳоҷирон муносибати аҷиб дорад. Дар ввал мехостанд низоми ягонаро ба роҳ монанд, ба ҷои он бошад аз ҳар як тоҷики муҳоҷир 30-40 ҳазор рубли русӣ барои муроҷиати аввала ва ҳар моҳ 4 ҳазор рубли русӣ меситонанд. Муҳоҷирон низ талаботи зиёд доранд, хурдан, пӯшидан, маблағи зистро додан ба хона пул равон кардан. Барои ҳамин ҳам бархе аз онҳо барои каме пул ба даст овардан  ғайриқонунӣ дар Русия кор мекунанд",-қайд кард Хуршеда Ҳамроқулова.

Парвози ҳавопаймо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вазири нақлиёт: фикр намекунам, ки барои як парвоз Русия алоқаи ҳавоиро бандад

Ӯ бовар дорад, ки мардуми Тоҷикистон Русияро дӯст медоранд, вале агар чунин муносибат нисбати муҳоҷирон солҳои оянда низ идома ёбад, ин ишқ метавонад поён ёбад.

Зимни сӯҳбат масъалаи Чин низ бардошта шуд. Албатта мардуми тоҷик мебинанд, ки Чин ба Тоиҷикистон беш аз пеш маблағгузорӣ мекунад. Вале тафаккуран онҳо ба Русия наздиканд.

"Вале Русия бояд дарк кунад, ки мо халқи дӯст ҳастем, набояд доим дар бораи пули патент, маблағ, сухан кард, дар навбати аввал бояд амният ва маънавиёт бошад. Мо танҳо дар сурати якҷоя будан метавонем бар зидди таҳдидҳо истодагарӣ кунем. Бо дарназардошти сатҳи пасти иқтисодиёти Тоиҷикстон, Русия бояд нисбати дӯсти осиёимиёнагии худ мулоимтар шавад",-изҳор дошт коршинос.

Лентаи хабарҳо
0