Эмомалӣ Раҳмон дар назди парлумон бо паёми солона баромад мекунад

© Фото : Официальный сайт президента ТаджикистанаПрезиденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохиливу берунаи кишвар ва рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистонро муайян мекунад

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik.Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди аъзоёни парлумон бо паёми солонаи хеш баромад мекунад.

То соли 2014-ум президент дар маҷлиси якҷояи ҳар ду палатаи парлумони Тоҷикистон, ки ҳамасола моҳи апрел баргузор мегардад, баромад мекард, аммо соли 2015 бошад моҳи январ ин маҷлис баргузори гардид, хабар медиҳад РИА Новости.

Бино бар иттилои котиби матбуоти палатаи поёни парлумон Муҳаммадато Султонов ингуна тағийротҳо ба он вобаста аст, ки дар Тоҷикистон соли молиявӣ аз моҳи январ шурӯъ мешавад, на апрел.

"Президенти дар паёми солонаи хеш дар назди парлумон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон ва рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварро муайян мекунад",- гуфт котиби матбуот.

Дар маҷлиси якҷояи ҳар ду парлумони кишвар, ки дар он раисҷумҳури Тоҷикистон баромад мекунад,  аъзоёни ҳукумат, раисони шаҳру ноҳия ва вилоятҳо ва намояндагони дипломатӣ даъват карда мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0