Русия ва Тоҷикистон ҳаракатҳои ҳавоиро барқарор намуданд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонк"Ямал", акс аз бойгонӣ
Ямал, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пештар аз Вазорати нақлиёти ФР хабар доданд, ки Русия ва Тоҷикистон ҳаракатҳои ҳавоии худро аз санаи 22-уми декабр соати 00 қатъ мекунанд

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik.Ҳаракатҳои ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Русия барқарор гардид.

Намояндагони вазорати нақлиёти Тоҷикистон нисбати парвозҳои ширкати ҳавоии Русии "Ямал" ба мувофиқа омаданд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хадамоти мабуоти Вазорати нақлиёти ФР.

"Ҳаракатҳои ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Русия барқарор гардиданд",- хабар медиҳад хадамоти матбуот.

Парвози ҳавопаймо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вазири нақлиёт: фикр намекунам, ки барои як парвоз Русия алоқаи ҳавоиро бандад

Манбаъ қайд мекунад, ки ҷонибҳои рӯзи панҷшанбе гуфтушунидро оиди ин масъала давом медиҳанд.

Пештар аз вазорат хабар дода буданд, ки Русия ва Тоҷикистон аз санаи 22-уми декабр соати 00 ҳаракатҳои ҳавоии байни кишварҳоро қатъ мекунанд.

Рӯзи чоршанбе Вазорати нақлиёти ФР қайд намуд, ки дар ҳолати аз ҷониби ҳукумати ҳавоии Тоҷикистон иҷро нагардидани ӯҳдадориҳои  созишномаи баимзорасида,  ҳаракатҳои ҳавоии байни кишварҳо қатъ карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки ба парвозҳои ширкати "Ямал" аз фурудгоҳи Жуковский иҷоза намедиҳад, зеро мутмаин аст, ки парвозҳои мавҷудбуда аз Маскав ва ба Маскав барои интиқоли мусофирон кафӣ аст.

Ба фикри ҳукумати ҶТ додани иҷозатнома ба "Ямал" таносуби дар созишнома қайдгардидаи Тоҷикистон ва Русияро вайрон мекунад. Аммо  Вазорати нақлиёти ФР қайд мекунад, ки дар созишнома дар бораи "таносуб ягон ишора намеравад".

Ҷониби Тоҷикистон дар чорчӯбаи гуфтушуниди ширкатҳои ҳавоии ду кишвар санаи 7-уми ноябри соли 2016 ширкатҳои ҳавоии Русияро ба хатсайри Жуковский- Душанбе ва Жуковский- Хуҷанд қабул намуд, ки дар ин бора дар анҷом суръатмаҷлис тартиб дода шуд. Дар айни гуфтушунид ҷониби Русия ширкатҳои "Уральские авиалинии" ва "Ямал"-ро барои парвоз таъин намуд. Ширкати аввал моҳи декабр ба парвозҳои худ шурӯъ намуд, аммо "Ямал" на.

Лентаи хабарҳо
0