ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Куштори сафири Русия дар Туркияро гурӯҳи ҷиноии "Ҷабҳа ан-Нусра" бар ӯҳда гирифт, хабар медиҳад РИА Новости.
Аз ҳуҷҷат бармеояд, ки Мавлюд Мерт Алтинташи 22 сола, ки бо холӣ кардани ҳашт тир ба пушти сафири Русия Андрей Карпов ӯро ба ҳалокат расонида буд, аъзои гурӯҳи ҷиноии "Ҷабҳа ан-Нусра" мебошад.
Ёдовар мешавем, ки сафири Русия дар Туркия Андрей Карлов аз ҷониби собиқ аъзои пулис Мавлюд Мерт Алтинташи 22 сола ба ҳалокат расонида шуд.
Сафири рус дар намоишгоҳи акс баъди суханронӣ дар пайи ҳашт тир вафот кард.