ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Сафири Русия дар Туркия Андрей Карлов баъд аз гирифтани ҷароҳати вазнин вафот кард, хабар медиҳад РИА Новости.
Андрей Карлов ҳангоми ифтитоҳи намоишгоҳ дар Анқара аз тири яроқи оташфишон ҷароҳат бардошта буд. Ғайр аз сафир дар ин ҳодиса се нафари дигар захмӣ шуданд.
Ба сафири Русия дар ҷойи ҳодиса ёрии тиббӣ расонида шуд, аммо табибон натавонистан ӯро аз марг наҷот диҳанд.
Ба ҷойи ҳодиса Сафири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Чавушӯғлӣ ҳозир шуд.
Кормандони полиси Туркия бо ҷинояткорон оташфишонӣ намуданд. Торрористи ба сафир ҳуҷумкарда аз ҷониби кормандони полис дастгир гардид.
Андерй Карлов- дипломати рус, ӯ аз соли 2013-ум инҷониб вазифаи Сафири Фавқуллода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Туркияро адо мекард.