ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Ҳиндустон Пранаб Кумар Мукерҷӣ вохӯрда, ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо аз ҷумла оид ба масоили ҳузури иқтисодии Ҳиндустон дар Тоҷикистон, тақвияти муносибатҳо дар соҳаҳои сармоягузорӣ, энергетика, маорифу фарҳанг ва ҳамкориҳои ҳарбӣ техникӣ табодули афкор намуданд.
Ҷалби сармояи Ҳиндустон дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, бо дарназардошти манфиати онҳо ба иқтисодиёти Афғонистону Ҳиндустон ва фароҳам овардани шароиту имконоти мусоиди нақлиётию транзитӣ дар байни кишварҳои минтақа иқдоми муҳим арзёбӣ шуд.
Сарони давлатҳо аз сатҳу муҳтавои ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ, аз ҷумла дар самти омода намудани кадрҳои низомӣ ва иштирок дар беҳдошти инфрасохтори ҳарбии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда барои идомаи манфиатбори ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳангу маориф ва технологияҳои иттилоотӣ ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд.
Дар анҷом сарвари давлат президенти Ҳиндустонро ба Тоҷикистон даъват кард ва даъват аз ҷониби Пранаб Кумар Мукерҷӣ бо хушнудӣ қабул гардид.