Алеппоро 382 ҷангӣ бо аъзои оилаашон тарк карданд

© Sputnik / Михаил Алаеддин / Гузариш ба медиабонкАлеппо. Акс аз бойгонӣ
Алеппо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Манбаъ хабар медиҳад, ки 382 нафар аз ҳисоби ҷангиён Алеппоро бо аъзои оилаашон тарк карданд. Ду нафари онҳо дар роҳ ҷароҳат бардошт

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Садҳо ҷангӣ ҳамроҳ бо аъзои оилаашон аз хоки Алепо берун шуданд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба манбаъ.

Ҳамин тавр гуфта мешавад, ки хоки Алеппоро 382 ҷангӣ тарк карданд, ду нафари онҳо ҷароҳат бардоштанд.

Дар баробараи ин се каси дигар аз автобус фаромада хостанд, дар Алеппо монанд, қайд кард мусоҳиби оҷонсӣ.

Ёдовар мешавем, ки амалиёти баровардани ҷангиён аз Алеппои шарқӣ, ду рӯз ба таъхир гузошта шуда буд.

Аллакай аз ин минтақа 9,5 ҳазор нафар бароварда шуда, дар шаҳр нафароне, ки намехоҳанд онро тарк кунанд, боқӣ мондаанд.

© Инфографика"Давлати исломӣ"
Давлати исломӣ - Sputnik Тоҷикистон
"Давлати исломӣ"
Лентаи хабарҳо
0