ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Террористони охирон шаҳри Ҳалаби Сурияро шоми имрӯз тарк мекунанд.
Ҳалаб аз террористон шоми имрӯз тоза карда мешавад, гуфт намояндаи доимии СММ дар Сурия Башор Ҷаъфрӣ, хабар медиҳад РИА Новости.
"Мехоҳам ба Шумо хабар диҳам, ки ҳоло охирон террористон дар баъзе аз қисмҳои Ҳалаби Шарқӣ берун бароварда мешаванд. Ҳалаб ин бегоҳ аз террористон тоза карда мешавад",- гуфт Ҷаъфарӣ ба рӯзноманигорон дар СММ.
Ба наздикӣ телевизиони давлатии Сурия хабар дод, ки шарти баромадани террористони боқимонда дар Ҳалаби Шарқӣ шояд эвакуатсияи 1,2 ҳзр сокинони деҳаи Фуа, Кефрия ва музофоти Идлиб бошад. Шаҳрҳои Фуа ва Кефрия аллакай се сол аст, ки дар иҳотаи террористон мондаанд. Мувофиқи ахбори телевизиони Сурия агар сокинони минтақаҳои аҳолитнишини Ҳалаб бароварда нашаванд, ягон гурӯҳи нави ҷангиён ва аъзоёни оилаи онҳо аз Ҳалаб намебароянд.