ДУШАНБЕ, 19 дек —Sputnik.Моҳи сентябри соли 1970 ҳадафи асосии барномаи сафари Леонид Брежнев ба Тоҷикистон боздид аз майдони сохтмонии НБО Норак ба ҳисоб мерафт. Коршиноси минтақаҳои Осиёи Марказӣ Андрей Захватов:
Ҳамагӣ баъд ах 25 соли ба итмом расидани Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ сохтмони сарбанди аз ҳама баландтарин ва калонтарин НБО дар Осиёи Марказӣ, ки Тоҷикистонро аз ҷумҳурии аграрӣ ба аграрӣ-саноати табдил дод, ба анҷом расонида шуд.
Сафари Котиби генералӣ расмӣ набуд ва ташкилшуда низ набуд. Пешвои ИҶШС озодона, бидуни ягон муҳофизони шахсӣ бо сохтмончиён дар роҳи Норак муошират мекардва ба роҳбарони Тоҷикистон пешниҳодҳои оқилона низ мекард.
"Ҳангоми дар ағбаи Чормағзак таваққуф кардан, Брежнев нақл намуд, ки чӣ гуна дар вақти фаъолияташ дар Молдова- солҳои 1950-1952 дар ҷумҳурӣ дар нишебию теппаҳо майдончаҳо ташкил карда шуда буданд ва токзорҳо бунёд гардида буданд, ки заминҳои лалмиро аз ҳамин ҳисоб зиёд мекарданд. Дар ҳамин ҳол каме нагузашта аз кӯчае, ки Брежнев гузашта буд, токзорҳои зиёд пайдо шуданд. Ҳамчунин токзорҳо дар нишебиҳо ва баландиҳои ағбаи Фахробод низ пайдо гардиданд",- мегӯяд коршиноси минтақаҳои Осиёи Марказӣ Андрей Захватов.

Ба гуфтаи вай ба муносибатҳои гуногуни таърихнигорон ба шахсияти Брежнев нигоҳ накарда(муҳаббати котиб ба ситораҳои тиллоӣ, саршавии ҷанг дар Афғонистон) нафақахӯрони Тоҷикистон то ҳол дар бораи рушд ва тараққаёти саноат, хоҷагии қишлоқ, илм ва ва фарҳанг дар даврони роҳбарияти вай, нақл мекунанд.
"Ба фикри ман дар ин нуқтаи назар унсури назаррасе аз ҳақиқат мавҷуд аст",- гуфт дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикситон Андрей Захватов.