Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон парвоз кард

Обуна шудан
Имрӯз сафари кории президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Шри-Ланка ба охир расида, сарвари давлат ба Ҳиндустон сафар кард

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба Ҳиндустон сафар кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Ню Деҳлӣ сарвари давлатро роҳбарияти олимақоми Ҳиндустон истиқбол гирифтанд

"Дар доираи ин сафар баргузории мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистону Ҳиндустон, дидору сӯҳбатҳои хосаи президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти олии ин кишвари дӯст, имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва дигар чорабиниҳои дорои аҳамияти байнидавлатӣ дар назар дошта шудааст",-омадааст дар иттилоия.

Эмомали Раҳмон зимни баромад дар саммити об адр Будапешт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҷалби бештари сармоягузорӣ: барои чӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Будапешт рафт

Моҳи октябри соли равон дар доираи намоишномаи байналмиллалии "Тандурустии Ҳиндустон-2016" раиси палатаи савдои Тоҷикистон Шариф Саид ва президенти федератсияи палатаи савдои Ҳиндустон Сидхадх Бирла Созишнома оиди такшили шӯрои "Тоҷикистон-Ҳиндустон"-ро ба имзо расонид.

Ҷониби Ҳиндустон бо Тоҷикистон хостори ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, технологияи информатсионӣ, савдо, бонкдорӣ, суғурта ва сохтмони роҳ шуданд.

Лентаи хабарҳо
0