ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Дар Магнитогорс намояндаи диаспораи тоҷикон кушта шуд, хабар медиҳад Оҷонсии иттилоотии Магнитогорск.
Мувофиқи маълумоти ВКД, ҷисми мард аз кӯчаи Тевосяна, дар назди хонаи истиқоматиаш ёфт гардид. Ҷинояткорон ба дили вай тир заданд.
Ҷинояткорон тақрибан вақте ба вай ҳамла оварданд, ки ӯ дар дохили автомашинаи шахсиаш буд.
Чуноне ки дар сомонаи Кумитаи тафтишотии Челябенск хабар дода мешавад мувофиқи далели куштор парвандаи ҷиноӣ боз карда шудаст.
"Ҳоло амалҳои тафтишотӣ ва чорабиниҳои кофтуковӣ гузаронида мешавад. Тафтишоти парвандаи ҷиноӣ давом дорад",- омадааст дар хабар.
Оҷонсӣ қайд мекунад, ки мувофиқи маълумоти тасдиқнашуда ҷабрдида собиқ раиси диаспораи тоҷикон буд.