Аз Русия ба Тоҷикистон “Ураган” интиқол медиҳанд

© Sputnik / Vitaliy AnkovОмӯзиши ҳарбӣ. Акс аз бойгонӣ
Омӯзиши ҳарбӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мушаки “Ураган” қодир аст дар минтақаҳои кӯҳӣ ва релефӣ ба ҳадаф расад. Он бо суръати баланд ва қобилияти зуди манёврӣ аз дигар мушакҳо фарқ мекунад

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон бо мушаки нави "Ураган" таҷҳизонида мешавад.

Чуноне ёвари фармондеҳи Округи ҳарбии марказӣ Ярослав Рошупкин хабар дод, дар ҳоли ҳозир пойгоҳ бо техникаи зарурӣ таъмин карда шуда истодааст. Дар баробари ин шумораи низомиёни пойгоҳ ҳамоно дар доираи созишномаи байналмиллалӣ бетағйир боқӣ мемонад.

"Иқтидорои низомии пойгоҳи 201-ум дар рӯзҳои наздик бо воҳиди нав-мушаки "Ураган" таҳким дода мешавад",-гуфт Рошупкин.

Чархболи ҳарбӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Русия ба Тоҷикистон чархболҳо ва ҳавопаймоҳои зиёд медиҳад

Мушаки "Ураган" қодир аст дар минтақаҳои кӯҳӣ ва ҷойҳои мушкили релефӣ ба ҳадаф расад.  Он бо суръати баланд ва қобилияти зуди манёврӣ  аз дигар аслиҳа фарқ мекунад.

Қаблан хабар дода шуд, ки дар пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон фармондеҳи нав таъин шудааст. Ба ин вазифа генерал-майор Олег Митяев таъин гардид.

Пойгоҳи низомии 201- таркиби бузургтарин қувваҳои мусаллаҳи Русия берун аз марзи он шинохта мешавад. Мувофиқи созишномаи соли 2012 аз ҷониби ду президент (ҶТ ва ФР) ба имзо расида, ин пойгоҳ то соли 2042 дар ҳудуди Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард.

То соли 2015 қисмҳои алоҳидаи пойгоҳи низомии 201 дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғантеппа ва Кӯлоб ҷойгир шуда буданд. Аввалҳои моҳи декабр полки 149-ум аз шаҳри Кӯлоб ба мавзеъи Лоҳури Душанбе кӯчонида шуд.

Лентаи хабарҳо
0