ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Шоми фарҳангии Тоҷикистон, ки дар он беҳтарин овозхонони тоҷик-Далер Назаров, Ноҳид зайналпур, гурӯҳи "Шамс" в ғайраҳо баромад карданд, бо суханони сафири Тоҷикистон дар Русия, Имомуддин Сатторов оғоз гардид.
"Ман фахр мекунам, ки ҳамдиёронам, ватани моро дар ҳамаи ҷо бо сарбаландӣ муаррифӣ менамоянд",-изҳор дошт сафир.
Ба қавли ӯ фарҳанг дар ҳақиқат халқҳоро пайванд мекунад. Сатторов қайд кард, ки чунин маҳфилҳо махсусан барои насли ҷавон муҳим аст, чунки насли бузург дар даврони ИҶШС якҷоя зиндагӣ карда буд ва чун намояндагони фарҳангҳои гуногун дӯстона дар як мамлакат ба сар мебурд.
Дар баробари ин сафири Тоҷикистон гуфт, ки чунин маҳфилҳои фарҳангӣ барои мардуми муқими Русия судманд хоҳад буд.
"Дар Русия шумораи зиёди тоҷикон кор ва зиндагӣ мекунанд. Барои аксари онҳо ин-ватани дуюм аст. Муҳим аст, ки тариқи санъат мо ба мардуми рус фаҳмонем, ки дар бари онҳо дар ҳақиқат намояндагони фарҳанги бузург ва тамаддуни бузург зиндагӣ мекунанд. Тоҷиконе, ки дар ин кишвар кор мекунанд, дар ҳақиқат сазовори ҳурмат ҳастанд",-қайд кард Сатторов.