Сафорати Тоҷикистон дар ФР хабари боздошти тоҷиконро месанҷад

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкНаручники, архивное фото
Наручники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
ФСБ хабар медиҳад, ки гурӯҳи ҷиноятпешае, ки фаъолияти онҳо пешгирӣ карда шуд, аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва Молдавия иборат буд

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабари боздошт шудани шаҳрвнадони Тоҷикистонро бо иттиҳоми узви гурӯҳи ҷиноятпеша будан месанҷад, хабар дод ба РИА Новости машваратчии сафир Сарвар Бахтӣ.

"Сафорати ҶТ дар ФР дар ҳоли ҳозир хабарро месанҷад. Ҳоло мо наметавонем, хабарро тасдиқ намоем, маълум мекунем",-гуфт Сарвар Бахтӣ.

Чанде пеш ФСБ-и Русия дар бораи дастгир шудани се шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷурми узвият ба гурӯҳи ҷиноятпешаи Давлати Исломиро дастгир карданд. Гуфта мешавад, ки онҳо ният доштанд дар шаҳри Маскав бо истифода аз таҷҳизоти таркандаи худсохт таркиш ба амал оранд.

Қаблан ФСБ хабар дода буд, ки дар Маскав фаъолияти гурӯҳи террористӣ, ки аз Туркия идора мешуданд пешгирӣ карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0