ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои гугогунро ба соҳибкорони Шри-Ланка пешниҳод намуда, таъкид кард, ки дар Тоҷикистон барои тиҷорат шароит фароҳам оварда шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.
Ҳамин тавр таъкид гардид, ки қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорон кафолатҳо ва имтиёзҳои зиёдеро муқаррар намудааст, аз ҷумла дар доираи Кодекси андоз барои пешрафти соҳибкорӣ беш аз 240 номгӯйи имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардидаанд.
"Мо шароити озоди рақобатро, ки ба тиҷорат ва воридоту содироти озоди сармоя, мубодилаи пурраи дохилии асъор мусоидат менамоянд, фароҳам овардаем",-гуфт президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сӯҳбат бо доираҳои соҳибкории Шри-Ланка.
Лоиҳаҳо дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди инфрасохтори туризм, иртибототу нақлиёт, содироти оби нӯшокӣ барои кишвари мо аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо доираи соҳикборону сармоягузорони хориҷӣ мебошад.
Ҳамин тавр сармоягузорони Шри-Ланка барои аз наздик шинос шудан бо фазои тиҷоратии кишвар ба Тоҷикистон даъват карда шуданд.
Ҳамчунин ба хотири рушду густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни палатаи савдои Тоҷикистон ва Шри-Ланка ва байни палатаи савдо ва саноати Тоҷикистону Коломбо оид ба рушди тиҷорати дуҷониба ва ҳамкории соҳибкорони ду кишвар Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Дар охир президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз дошт, ки рушди муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ва истифодаи имкону захираҳо барои мардумони ҳар ду кишвар судовар хоҳад буд.