Эй боргоҳи қударт,
Эй манбаи саодат
Раҳмат бибор, раҳмат
Аз иттиҳоди тоҷик
Бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар Маскав Шоми фарҳангии тоҷикон баргузор гардид.
Ба қавли Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомуддин Сатторов "бо як чорабинӣ наметавон тамоми фарҳанги бой ва қадимаи тоҷикро нишон дод", аммо ба ҳар ҳол, меҳмонон бо чакидаҳо аз фарҳанги тоҷикӣ шинос шуда тавонистанд ва ошиқи он ҳам гардиданд.
Ба гуфтаи яке аз ташкилкунандагони чорабинӣ раиси Маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Русия Хуршеда Ҳамроқулова дар толор намояндагони бисёр халқҳо — рус, ӯзбек, қирғиз, қазоқ, туркман, турк, белорус, украин нишаста буданд.
Қисми консертии чорабиниро овозхони машҳур Далер Назаров ифтитоҳ кард.
"Ман зиндагиро барои суруд, оҳанг ва мусиқӣ сипос мегузорам. Маҳз суруд ва мусиқӣ аст, ки моро ба ҳам меорад",- гуфт овозхон пеш аз баромад.
Аксари тамошобинон дар толор мардуми тоҷик буданд. Ба шунидани номи Далер Назаров садои амвоҷи қарсакҳо баланд шуд ва тамошобинон якҷоя бо овозхон суруд мехонданд.
Шеър як қисми ҷудонашавандаи фарҳанги қадимаи тоҷик буд ва мемонад. Ба гуфтаи муовини вазири фарҳанги Русия Сергей Обривалин, ки қисми расмии чорабиниро ҳамроҳи Сафири Фавқуллода ва Мухтори Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов кушода намуданд, "тоҷикон ба ҷомеи ҷоҳонӣ дар тӯли таърих фарҳанги қадима ва ашъори қимматбаҳо ҳадя намудаанд".
Шоир ва тарҷумони шинохтаи рус Михаил Синелников, ки ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ бо машҳуртарин шоирону нависандагони тоҷик ҳамкорӣ дошт ва қариб аз ашъори тамоми намояндагони классику тоҷикро ба забони русӣ тарҷума кардааст, ба ташнагони каломи воло бо забони русӣ тарҷуми шаърҳои Саъдӣ, Хофиз ва Бозор Собирро пешниҳод намуд, ки ҳамзамон ба забони тоҷикӣ низ қироат мегардид.
Пас аз он, ки тамоми меҳмонони чорабинӣ аз ашъори бойи тоҷикӣ ҳаловат бурданд, барандаи барнома Аслишои Акимбек эълон намуд, ки ҳоло суруди "Я встретил девуку" (Дидам ҷамоле- Турсунзода- идора)тақдими тамошобинон мегардад.
Сергей Избаш ҳунарманди хизматнишондодаи Русия ин сурудро иҷро намуд ва ҳамзамон рақси тоҷикӣ ҳам пешниҳод кард, ки тамоми меҳмонон баромади ӯро хело хуш пазируфтанд.
Сергей Избаш "зинда бод дӯстии халқо" гӯён саҳнаро тарк намуд.
Бобоҷони Амонулло овозхони ҷавон ва шинохтаи Тоҷикистон мегӯяд, ки аз баргузоршавии ин гуна чорабинӣ дар Русия хело шод гардид.
Ӯ дар шоми фарҳангӣ бо суруди Ватан хотираи бинандагонро як бори дигар сӯи Тоҷикистон ва кишвар бурд.
Ба гуфтаи овозхон "ба дидори дӯст рафтан ибодат аст" ва имрӯз тоҷикон бори дигар, на танҳо аз фарҳанги худ ёдовар шуданд, балки ба дидори ҳамдигар расиданд.
"Ин гуна чорабиниҳо бояд зуд зуд ташкил карда шаванд, зеро мо бояд аз асли худ дур нашавем ва онро фаромӯш накунем. Ман, мутассифона тоҷиконеро низ во хӯрдам, ки забони худро фаромӯш кардаанд",- мегӯяд Бобоҷони Амонуллоҳ.
Ба фикри Бобоҷон дили касеро шод намудан хело мушкил аст, махсус барои ҳунарманд, ки танҳо ба воситаи истеъдоди боло метавонанд ин амалро иҷро кунанд.
Ғайр аз ин овозхон иброз дошт, ки мақсади ташроиф овардани вай ба Русия шод намудани муҳоҷирони тоҷик ва ташкили консерт мебошад.
Бо баромадани гурӯҳи Шамс ба саҳна ҳаводорон хурсандӣ ва сурудхонӣ мекарданд.
Ноҳиди Зейналпур ба оҳанги "Навои дил" хотири бинандагонро боз ҳам хушҳолтар намуд ва ба дунёи хотираҳо бурд.
Суруди "Ба Лалазоре" бо иҷрои гурӯҳи Шамс барномаро ба ниҳояти он наздик овард.
Дар охир Ақназар Аловатов бо Нобовар Чаноров аз ашъори орифонаи Ҷалолуддини Румӣ нағмасароӣ намуданд.
Хуршеда Ҳамроқулова мегӯяд, ки чорабинӣ ба охир расида бошад ҳам, тамошобинон хонаи нависандагонро тарк кардан намехостанд.
Ҳама аллакай ба фазои чорабинӣ ворид шуда буданд ва мехостанд, ки бо ҳамдигар ҳиссиёти худро тақсим кунанд.
Ба гуфтаи раиси диаспораи тоҷик "чанд нафар аз халқҳои дигар ба назди ман омаданд ва гуфтанд, ки мо аз чорабинӣ ҳаловат бурдем. Мо фикр мекардем, ки танҳо тамошо мекунем, аммо интизор набудем, ки ин чорабинӣ то ин дараҷа диққати моро ҷалб мекунад".
"Мақсади ташкили шоми фарҳангӣ таҳкими муносибати байни халқҳои гуногун мебошад. Ҳоло вазъи дунё хатарнок аст. Миллатҳо якҷоя зиндагӣ мекунанд, аммо якдигарро намешиносанд. Ташкили чунин чорабиниҳо мардумро ба ҳамдигар наздик мекунад",- мегӯяд Ҳамроқулова.
Сиёсатшиноси рус Максим Шевченко пас аз чорабинӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки бояд дар Русия бештар бо фарҳанги тоҷик шинос шаванд. Агар намояндагони фарҳангии тоҷик бисёртар ташриф оранд, байни тоҷикон ва русҳо якдингарфаҳмӣ бештар мешавад.
Ҳоло дар Русия насле ба воя расидааст, ки дар бораи Тоҷикистон, фарҳанги тоҷик, шоирон ва таърихи чандинсолаи тоҷик чизе намедонад, аз ҳамин сабаб ташкили ин гуна чорабиниҳо хело муҳим аст, мегӯяд сиёсатшинос.