ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар пайи корҳои ҷустуҷӯӣ се сокини шаҳри Душанберо бо иттиҳоми рабудани автомашинаи шахсӣ дастгир карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД ҶТ.
Манбаъ мегӯяд, ки санаи 12-уми декабр тахминан соати 24:00 шахсони номаълум автомашинаи шахсии "Мерседес-Бенс"-и марди 50-солаи сокини шаҳри Душанберо, ки дар назди бинои истиқоматӣ гузошта шуда буд, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдаанд.
"Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони рабудани воситаи нақлиёт се нафар сокинони шаҳри Душанбе, наврасону ҷавонони 15, 17 ва 19-сола дастгир карда шуданд",-омадааст дар иттилоия.
Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.