Абдулло Орипов сарвазири Узбакистон интихоб шуд

Обуна шудан
Президенти Узбакистон зимни ҷаласаи умумӣ номзадии Абдулло Ориповро ба симмати нахуствазирии кившар пешниҳод намуд

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Вакилони палаи болоӣ ва поёнии Узбакистон дар ҷаласаи якҷоя муовини нахуствазири кишвар Абдулло Ориповро ба симмати сарвазирӣ интихоб карданд, хабар медиҳад РИА Новости.

Президенти Узбакистон зимни ҷаласаи умумӣ номзадии Абдулло Ориповро ба симмати нахуствазирии кившар пешниҳод намуд.

Шавкат Мирзиёев, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мирзиёев савганд ёд кард ва ба вазифаи президентӣ шурӯъ намуд

Қаблан ҳизби либерал демократии Узбакистон номзадии Абдулло Ориповро ба вазифаи сарвазии кишвар ба президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев пешниҳод карда буд.

Абдулло Орипов соли 1961 дар шаҳри Тошканд ба дунё омадааст. Шурӯъ аз соли 2002 ӯ ба ҳайси муовини сарвазири кишвар кор кардааст. Имрӯз Абдулло Орипов сарвазири Узбакистон интихоб гардид.

Лентаи хабарҳо
0