Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Миср номаи тасаллият равон кард

© Фото : Официальная страница пресс-службы президента РТЭмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари Ҷумҳурии Арабии Миср дар бастагӣ бо воқеаи фоҷиабор барқияи тасаллият раон кард

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамла ба калисои қутбиро маҳкум кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президентти ҶТ.

Дар номаи тасаллият аз ҷумла омадааст: "Хабари фоҷеабори ҳалокати даҳҳо мардуми осоишта ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвари дӯсти Миср бар асари таркиши даҳшатангез дар калисои ҷомеи қибтиҳо дар шаҳри Қоҳира боиси андӯҳ ва нафрати беандозаи инҷониб гардид".

"Мо бо нигаронии шадид ин амали ғайриинсонии нерӯҳои аҳриманро   қатъиян маҳкум карда, ҳамбастагии  худро бо талошҳои минтақавию ҷаҳонӣ баҳри маҳви терроризм ва ифтротгароӣ таъкид менамоем, омадааст дар нома.

Дар охир президенти мамлакат ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон шудааст.

Қаблан хабар дода шуд, ки дар натиҷаи ҳамалаи террористӣ, ки рӯзи 11 декабри соли равон дар калисои ҷомеи қибтиҳо дар шаҳри Қоҳира ба амал омад, зиёда аз 25 нафар ҳалок ва 49 кас ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Лентаи хабарҳо
0