“Черная смерть”: зани 34 сола барои фурӯши “хлопушка” дастгир гардид

© Sputnik / Александр Кожохин / Гузариш ба медиабонкФурӯши маводи тарфгарӣ дар Маскав. Акс аз бойгонӣ
Фурӯши маводи тарфгарӣ дар Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон зани 34-солаи сокини шаҳри Исфара бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир гардид

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Зани 34-сола, ки дар фурӯши ғайриқонунии маводи тарфгарӣ муттаҳам мешавад, аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир карда шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати корҳои дохилии ҶТ.

Манбаъ мегӯяд, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 500 адад маводи тарфгарии навъи "Трения", 20 адад "Черная Смерть", 108 адад "Маленькая пчёлка", 144 адад "Снайпер", 6 адад "Ракета Х142" ва 4-адад "Золотой Песок-Х0008" дарёфт ва мусодира карда шуд.

Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0