ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik.Як нафар зани тоҷик, ки дар Маскав ба ҳайси фурӯшанда кор мекард, захмӣ шуд.
Чуноне ки сомонаи Лайф хабар медиҳад, ба ҷойи кори зани 32-сола якчанд харидорони норозӣ ворид гаштанд. Онҳо аз зан талаб карданд, ки пули чиптаи ба иддаояшон қалбакро баргардонад.
Фурӯшанда ба даст корди хоҷагиро гирифта, мегӯяд, ки мардон аз дӯкон берун бароянд ва таҳдид мекунад, ки бо корди дар даст доштааш ба худ захм мезанад. Зан кордоро ба ҷониби худ гардонида буд, баъд аз он, ки касе вайро тела медиҳад, дарди сахтеро ҳис мекунад.
Гурӯҳи мардон ба зудди хонаро тарк намуданд. Фурӯшанда ҳоло дар беморхона бистарӣ гаштааст, кормандони полис иштирокчиёни ҳодисаро кофтукоб мекунанд.