"Бо Чингиз Айтматов қарор кардем, ки ӯ ба студия барои фотосессия меояд. Ростӣ, боварӣ ҳам надоштам, ки ба ваъдааш вафо мекунад, зеро хело инсони пуркор буд. Аммо омад..", ба ёд меоварад Федоров дар сӯҳбат бо Sputnik Қирғизистон.
Ба гуфтаи вай, Айтматов ба студия ҳамроҳи писараш Элдар ҳозир шудааст. "Дар сари як пиёла чой бо нависанда сӯҳбат кардем ва аккосӣ ҳам кардем. Ӯ хаста менамуд. Барои ҳамин пешниҳод кардем, ки ба ҳавои тоза баромада фотосессияамонро довом диҳем, вай қабул кард",- мегӯяд аккос.
Вай нақл мекунад, ки ҳангоми ба берун баромадан, дарҳол ба назди вай мухлисони зиёдаш меомаданд ва хоҳиш мекарданд, ки бо онҳо акс гирад. Ҳатто як нафар писарбачча бо китоби нависанда давон омад.
"Дар вақти аксгирӣ мо ба нақша кашидем, ки ҳангоми шукуфтани лола ба кӯҳ меравем, Чингиз Айтматов розӣ буд, аммо намедонистем, ки ин вохӯрии охирони мост",- нақл кард Фёдоров.
Ҳамин тавр, ҳамин аксҳо аз охирон фотосессия нависандаи машҳур ва ҷаҳонӣ пешниҳоди Шумо мешавад.











