ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik.Тайёраи А320 ширкати ҳавоии "Аэрофлот", ки аз Тошканд ба Маскав парвоз дошт, рӯзи душанбе ба фурудгоҳи Тошканд дубора нишаст, хабар дод ба РИА Новости намояндаи фурудгоҳ.
"Парвоз аз вақти муайянгардида каме дертар суръат гирифт, аммо баъд аз 10 дақиқа бо сабабҳои техникӣ ба фурудгоҳ нишаст, мусофирон толори тайёраро тарк намуданд",- гуфт ҳамсӯҳбати оҷонсӣ. Ӯ сабабҳои аниқи воқеаро баён накардааст.
Ба гуфтаи вай, парвоз то соати 17:00 ба таъхир гузошта шудааст, ҳоло тайёраро тафтиш мекунанд.