ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Дар Бишкек мусобиқаи байналмиллалӣ барои дарёфти ҷоизаи ба номи чемпиони чоркаратаи ҷаҳон, устоди варзиши ИҶШС оид ба варзиши вазнин Канибек Осмоналиев баргузор гардид. Дар мусобиқа намояндагони Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон байни ҳам рақобат карданд.
Дар сабқати байналмиллалӣ 100 мард ва 28 нафар зан аз кишварҳои гуногуни Осиёи Марказӣ ширкат варзиданд.
Қазоқистон соҳиби 5 медал-2 тилло ва се биринҷӣ, Тоҷикистон як медали нуқра ва Қирғизистон боқимондаи нишонҳоро аз худ кард. Асомиддин Сангов-варзишгари тоҷик дар вазни 85 кг бо гирифтани 283 хол медали нуқра ба даст овард. Ӯ аз ҷониби намояндаи Қирғизистон дар даври финалӣ мағлуб гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар Қирғизистон қаҳрамонии Осиёӣ аз рӯи варзиши вазнин баргузор гардид. Тоҷикистонро дар сабқати Осиёӣ Сунатулло Оев, Рустам Назаров, Хуршед Тураев, Абдуҳаким Ҳақбердиев, Илҳом Шукуров ва Асомуддин Сангов намояндагӣ карданд.
Аз байни варзишгарони тоҷик Асомуддин Сангов бо гирифтани мақоми 16-ум натиҷаи беҳтаринро нишон дод. Баъди ӯ Рустам Назаров бо ба даст овардани мақоми 17-ум ва Илҳом Шукуров бо Сунатулло Оев дар мақоми 18-ум қарор гирифтанд.