ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Ҳукумати Ҷумҳурии Узбакистон барои омода намудани пайкараи нахустин президенти кишвар Ислом Каримов озмун эълон кард.
Қарори мазкур аз ҷониби роҳбари кунунии Узбакистон Шавкат Мирзиёев имзо гардида, тариқи шабакаи давлатӣ эълон шудааст, хабар медиҳад РИА Новости.
Президенти аввалини Узбакистон, ки роҳбарии давлатро аз соли 1990 то 2 сентябри соли 2016 бар дӯш дошт, дар синни 78 солагӣ аз олам даргузашт. Рӯзи якшанбе дар Узбакистон интихоботи президентӣ баргузор гардид. Мувофиқи маълумоти пешакии КМИ Узбакистон, собиқ сарвазири кишвар Шавкат Мирзиёев бо гирифтани 88,61% овоз дар интихобот пирӯз шуд.
"Пешниҳоди Академияи рассомони Узбакистон, вазоратҳо ва ҷомеа оиди ташкили озмуни байналмиллалӣ барои сохтани ҳайкали Ислом Каримов қабул карда шавад",-омадааст дар ҳуҷҷат.
Тибқи фармон кумитаи такшилотии озмуни байналмиллалӣ, таҳти роҳбарии муовини сарвазири кишвар Абдулло Орипов дар давоми 15 рӯз нақшаи чорабинӣ, шартҳои озмун ва маблағи заруриро муайян мекунад.
Мирзиёев ба ВКХ-и Узбакистон фармон дод, то дар давоми 20 рӯз шартҳои иштирок дар озмунро ба ташкилотҳои байналмилллалӣ пешниҳод намояд.
Қаблан хабар дода шуд, ки ҳукумати Маскав масъалаи гузоштани ҳайкали Ислом Каримовро дар пойтахти Русия баррасӣ мекунад. Пайкараи Ислом Каримов эҳтимоландар боғи фарҳангӣ, ки дар наздикии сафоратхонаи Узбакистон дар Маскав ҷойгир аст, гузошта мешавад.