ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Дар ҳашт минтақаҳои аҳолинишини Қазоқистон ҳолати фавқуллода эълон шуд.
Сабабашро нашриёти Sputnik Қазоқистон номусоидии боду ҳаво ва бориши аз ҳад зиёди барф мегӯяд.
Мувофиқи маълумоти МЧС-и Қазоқистон имсол дар ҷумҳурӣ зимистон барвақт шурӯъ шуд: дар авоили моҳи ноябр дар кишвар резиши барфи шадид ба қайд гирифта шуда, баъди он ҳарорати ҳаво дар аксари минтақаҳои ҷумҳурӣ то 30 дараҷа поён баромад.
Номусоидии боду ҳаво боиси баста шудани роҳҳои миёни минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ гардид.
Ҳамин тавр дар қаламрави Абралин, Айнабулоқ, Оқбулоқ, Ҷазик ва дигар ноҳияҳо ҳолати фавқуллода эълон шудааст.
Ҳукумати маҳаллӣ ҳодисаро зери назорат гирифта, барои бартараф кардани оқибатҳои ҳолатҳои фавқуллода маблағ ҷудо шудааст.